дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

Аҳолӣ

Аҳолии доимӣ : 26 000 нафар, бо назардошти истиқомакунандагони муваққатӣ 31300 нафар, аз он ҷумла, мардҳо 15800 нафар, занҳо 15500 нафар, Дар шаҳрак 9700 коргар, 1650 нафар бекор, 1669 нафар нафақагир ба ҳисоб гирифта шудаанд.

1 январи 2013 аҳолии шаҳраки Ҳисор 26 000 танро ташкил мекард.

Миллатҳои шаҳрак[3]:

  • 87,0 % — тоҷик
  • 8,9 % — ӯзбек
  • 1,5 % — рус
  • 0,5 % — тотор
  • 2,1 % — дигар миллату халқиятҳо

Ҳисор

Ҳисор (форсӣ: حصار‎) - шаҳре дар Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Ҳисор аст. Шаҳрак дар маркази водии Ҳисор байни дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Наҳри калони Ҳисор ҷойгир аст. Ҳисор дар қисми ҷанубу ғарби водии Ҳисор, 20 км ғарбтари шаҳри Душанбе воқеъ аст. Дар наздикии шаҳраки Ҳисор дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Канали калони Ҳисор ҷорӣ мешаванд. Соли 2015 роҳи автомобилгарди Душанбе - Турсунзода тармим гардидааст. Байни Ҳисор – Душанбе ва Ҳисор – Турсунзода мунтазам нақлиёт мегардад. Аз маркази ноҳия роҳи оҳани Душанбе – Тирмиз мегузарад (стансияҳо: Чиптўра ва Хонақоҳ).

Ҳисори шодмон

Тамос бо мо

Барои маълумоти пурра гирифтан бо мо дар тамос бошед