дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

Иқтисодиёт

  Ҷамоати шаҳрак 506,02 га замин, аз ҷумла, 176,02 га замини обӣ, 32 га замини корам, 171,02 га заминҳои наздиҳавлигӣ, 3,0 га заминҳои зери об, 22 га заминҳои роҳ, 180 га заминҳои зери иншооту иморатҳо, 98 га заминҳои ғайрикишоварзиро дорост. Дар ҳудуди Ҷамоати шаҳрак 14 корхона, аз ҷумла, 7 корхонаи саноати хӯрокворӣ, 3 ордкашӣ, 2 масолеҳи бинокорӣ, саноати сабук ва маҳаллӣ, корхонаи муштарак амал мекунанд. Ба миҷозон 55 муассисаи хизматрасонӣ хизмат мерасонад. Дарозии оббарандаҳо 27 км, шабакаи обёрикунандаи дохили хоҷагӣ 20 км, дарозии шабакаи қубури дохили хоҷагӣ 14 км, дарозии роҳҳо 57 кмро ташкил медиҳанд. ҶДММ ИНН 14, ҶС «Тоҷиктелеком», стансияи телефонӣ, шуъбаи алоқа дар шаҳрак фаъолият дорад. Инчунин раёсати 6 ҳизби сиёсӣ дар ҳудуди шаҳрак воқеъ гардидааст.

Ҳисор

Ҳисор (форсӣ: حصار‎) - шаҳре дар Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Ҳисор аст. Шаҳрак дар маркази водии Ҳисор байни дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Наҳри калони Ҳисор ҷойгир аст. Ҳисор дар қисми ҷанубу ғарби водии Ҳисор, 20 км ғарбтари шаҳри Душанбе воқеъ аст. Дар наздикии шаҳраки Ҳисор дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Канали калони Ҳисор ҷорӣ мешаванд. Соли 2015 роҳи автомобилгарди Душанбе - Турсунзода тармим гардидааст. Байни Ҳисор – Душанбе ва Ҳисор – Турсунзода мунтазам нақлиёт мегардад. Аз маркази ноҳия роҳи оҳани Душанбе – Тирмиз мегузарад (стансияҳо: Чиптўра ва Хонақоҳ).

Ҳисори шодмон

Тамос бо мо

Барои маълумоти пурра гирифтан бо мо дар тамос бошед