дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

Соли рушди сайёҳиву Қалъаи Ҳисор

  Атрофи пайдоиши қалъаи Ҳисори Шодмон дар миёни мардуми атрофи қалъа ақидаҳо гуногунанд.Дар ин миён бештар ақидаи ровиёни ахбор ва ноқилони хушгуфтор асосноктар аст, ки онро Таҳмураси Девбанд бунёд гузоштааст. Бештари сарчашмаҳо низ бунёди қалъаро махсусан дар аҳди подшоҳии Таҳмурас ишора мекунанд, ки Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш аҳди шоҳаншоҳии Таҳмурасро хуб иникос намудааст.

  Ин қалъа дар сари Роҳи Абрешим асрҳои аср чун қалъаи дўстӣ ва равобити байни қавмҳои мамолики мухталиф хидмат карда, то кунун таваҷҷуҳи аҳли оламро ба худ мекашад. Дар тўли таърихи тўлони қалъаи Ҳисор чанд маротибаҳо ба харобазорҳо табдил ёфт, вале бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ фарзандони дилсўзу сарсупурдаи миллат хираду дурандешӣ зоҳир карда, азм намуданд, ки қалъаро ҳамчун мерос ва ёдгории аҷдод обод гардонанд.

Чанд сол пеш бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати шаҳри Ҳисор атрофии қалъа мамнўъгоҳ эълон карда ва доир ба гирд овардану намоиш додани осори таърихӣ ва мардумшиносии кишвар осорхона ташкил карда шудааст. Фидоиёну ҳунармандони роҳи фарҳангу маърифат бо имкони ба даст омада ба таъмиру тармими қалъа мепардозанд. Олимон китобу мақолотиҳои дар атрофии мавзўи қалъа ба табъ мерасонанд.

Имрўзҳо бошад ин макони таърихӣ ва ёдгорӣ аз бобоёнамон ба сайргоҳи пиру барно, гулдухтарону ҷавонписарон, меҳмонону сайёҳони дохилу хориҷӣ, маъвои истироҳату фароғат, ваҳдату дўстӣ табдил ёфтааст. Таҷлили 3000 ҳазорсолагии шаҳри Ҳисори Шодмон бори дигар собит сохт, ки шаҳри Ҳисор шаҳри таърихию сайёҳии қадимии миллати тоҷик буда, бештари ёдгориҳои миллатро то ба имрўз дар худ маҳфуз доштааст. Меҳмонону сайёҳон аз шунидани таърихи тўлони доштани қалъаи Ҳисор дар таъҷуб афтода, маротибаҳои зиёд барои дидан ва ошнои пайдо кардан ба ин сарзамин ташриф меоранд.

Бо эълон гаштани соли 2018-соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, истиқоматкунандагони шаҳри Ҳисор ва мардуми равшанфикри ҷумҳурӣ умед бар он мебанданд, ки қалъаи мазкур шуҳрати бепоён пайдо карда, дар мудати кўтоҳ ба ҷаҳониён яке аз маконҳои сайрй сайёҳат мегардад.  

Қалъаи Ҳисол ва ёдгориҳои бостонии кишварамон метавонад муҷиби ҷалби бештари атваҷҷуҳи сайёҳони олам бошад, чун ин ёдгориҳо дар зоти худ беҳамтоянд.

Дар бораи дирӯз ва имрӯзи Қалъаи Ҳисор метавонед бештар ва муфассалтар аз мақолоти зерин, ки дар бойгонии Китобхонаи миллӣ мавҷуд аст, бихонед:

Холиқзод, Т.

«Верена» ва «Луксор» дар қалъаи Ҳисор: Камтарин кишварҳои ҷаҳон ингуна рўйдоди таърихиро дидаанд //Имрўз News. – 2016. – 25 октиябр.

Абдуллоҳ, А.

Қалъаи Ҳисор: Дар бораи пайдоиши қалъаи Ҳисори Шодмон //Паёми Душанбе. – 2016 – 27 май.

Мирзоев, М.

Қалаи Ҳисори ман: Аз таърихи қалъаи Ҳисор //Маорифи Ҳисор. – 2015. - № 9-10. – 6 с.

Неъматов, М.

Қалъаи Ҳисор 1800 сол: Оиди ноҳияи Ҳисор // Миллат. – 2013. – 4 сентиябр.

Табаров, А.

Имрўзи қалъаи Ҳисор: Таърихи қалъаи Ҳисор // Ҷумҳуррият. – 2001. – 16 август.

Наҷмиддинова, Н., ва Очилдиев, С. 

Бо роҳи падарон: Дар бораи таърихи қалъаи Ҳисор // Пион. Тоҷикистон, 1966, - 11 сентиябр.

Дўстов, З.

Қалъаи Ҳисор: Бахшида ба 60-солагии таъсиси ноҳияи Ҳисор // Паёми Душанбе. – 1992. – 8 апрел. – 3 с.

Раҳмонов, Р.

Қалъаи Ҳисор шукуҳи тоза мегирад // Ҷумҳурият. – 1999. – 27 май. 

Саломов Абдуғаюр,
мутахассиси пешбари
Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти 

фаъолияти китобдорӣ

 
Last modified on 06/05/2020

Share this article

About Author

Super User
Login to post comments

Ҳисор

Ҳисор (форсӣ: حصار‎) - шаҳре дар Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Ҳисор аст. Шаҳрак дар маркази водии Ҳисор байни дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Наҳри калони Ҳисор ҷойгир аст. Ҳисор дар қисми ҷанубу ғарби водии Ҳисор, 20 км ғарбтари шаҳри Душанбе воқеъ аст. Дар наздикии шаҳраки Ҳисор дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Канали калони Ҳисор ҷорӣ мешаванд. Соли 2015 роҳи автомобилгарди Душанбе - Турсунзода тармим гардидааст. Байни Ҳисор – Душанбе ва Ҳисор – Турсунзода мунтазам нақлиёт мегардад. Аз маркази ноҳия роҳи оҳани Душанбе – Тирмиз мегузарад (стансияҳо: Чиптўра ва Хонақоҳ).

Ҳисори шодмон

Тамос бо мо

Барои маълумоти пурра гирифтан бо мо дар тамос бошед