дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

«Чароғи ҳидоят» ва 3000- солагии Ҳисори бостонӣ

Маҳфили навбатии тарбиявию маърифатии «Чароғи ҳидоят» дар факултаи физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров бо иштироки васеи донишҷӯён баргузор гардид. Ин навбат маҳфил ба таҷлили 3000- солагии Ҳисори бостонӣ бахшида шуд.

Профессори кафедраи археология ва этнографияи халқи тоҷики факултаи таърихи донишгоҳ Саид Марофиев роҷеъ ба ҷашни 3000 -солагии Ҳисори шодмон таҳти унвони «Аҳамияти тарбиявии ҷойҳои муқаддаси таърихӣ ва  фарҳангӣ» маърӯза намуда, аз ҷумла гуфт, ки мақсад аз ҷашни 3000-солагии Ҳисор эҳёи ёдгориҳои қадимаи давлатдории ин водӣ мебошад, ки замоне аз Шаҳрисабз оғоз гардида, ҳудуди он то Хоҷа Обигарм тӯл мекашад. Маънои худи Ҳисор қалъаи мудофиа буда, аз он ҷо бар зидди аҷнабиён мубориза мебаранд. Имрӯз дар дохили қалъаи Ҳисор осорҳои хеле қадимаи асри биринҷ ва оҳан ёфт шудаанд.

Мудири кафедраи географияи табиии донишгоҳ  дотсент Дилором Саидова дар мавзӯи «Ҳисори бостон: чанд андеша аз назари олими табиатшинос» сухан гуфта, лаҳзаҳоро аз таҷрибаомӯзии комплексӣ, ки  17 нафар донишҷӯёни курси 3-юми донишгоҳ барои гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ ба шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Айнӣ, Душанбе, Ваҳдат, Норак рафта буданд, нақл кард. Зикр шуд, ки  бори аввал дар таърихи Истиқлолияти кишвар донишҷӯён бо дастгирии Раёсати донишгоҳ имкон пайдо намуданд, ки ин таҷрибаомӯзиро гузаронанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Last modified on 08/05/2020

Share this article

About Author

Smartaddons

Suspendisse at libero porttitor nisi aliquet vulputate vitae at velit. Aliquam eget arcu magna, vel congue dui. Nunc auctor mauris tempor leo aliquam vel porta ante sodales.

Website: smartaddons.com
Login to post comments

Ҳисор

Ҳисор (форсӣ: حصار‎) - шаҳре дар Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Ҳисор аст. Шаҳрак дар маркази водии Ҳисор байни дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Наҳри калони Ҳисор ҷойгир аст. Ҳисор дар қисми ҷанубу ғарби водии Ҳисор, 20 км ғарбтари шаҳри Душанбе воқеъ аст. Дар наздикии шаҳраки Ҳисор дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Канали калони Ҳисор ҷорӣ мешаванд. Соли 2015 роҳи автомобилгарди Душанбе - Турсунзода тармим гардидааст. Байни Ҳисор – Душанбе ва Ҳисор – Турсунзода мунтазам нақлиёт мегардад. Аз маркази ноҳия роҳи оҳани Душанбе – Тирмиз мегузарад (стансияҳо: Чиптўра ва Хонақоҳ).

Ҳисори шодмон

Тамос бо мо

Барои маълумоти пурра гирифтан бо мо дар тамос бошед