дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

Оғози тантанаҳои идонаи 3000 — солагии Ҳисор

  Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои бахшида ба 3000-солагии Ҳисор ва ифтитоҳи иншооти сершумори ҷашнӣ ба ин мулки зарнисор ташриф овард.
  Роҳбарият ва намояндагони сершумори мардуми шукргузори Ҳисори шодмон Сарвари давлат ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти олӣ истиқбол гирифта, аз бунёдкорию созандагие, ки тайи 2 соли охир боиси ободонию шукуфоии бесобиқаи ин мулки бостонӣ гардид, арзи сипосу қадрдонӣ карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили ин ҷашни пурифтихор як қатор иншооти навро ифтитоҳ намуда, бо мардуми касбу кори гуногун мулоқотҳои судманд анҷом медиҳад.

  Ба ин муносибат ноҳияи Ҳисор имрӯз симои идона дорад.
Сафари кории Сарвари давлат дар ҷамоати шаҳраки Ҳисори ноҳияи Ҳисор нахуст бо маросими ифтитоҳи ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ оғоз гардид.
Дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон биноҳои баландошёнаи истиқоматиро бо маркази хизматрасонӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва мағозаи фуруши қолинҳо, ки дар қабати поёнии хонаҳо ҷой дода шудааст, мавриди истифода қарор дод.
Ифтитоҳи биноҳои баландошёна бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва бо суруру шодмонии сокинони ин хонаҳои зебо ҷараён гирифт.
Иншооти мазкур аз тарафи бародарони соҳибкор Қурбонмурод ва Баҳриддин Неъматзодаҳо бо сохти меъмории замонавӣ бунёд шудааст.
Ҳарду бинои истиқоматӣ аз хонаҳои 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ иборат буда, барои 72 оила пешбинӣ гардидааст.
Маблағи умумии сохтмону таҷҳизонидани биноҳо беш аз 20 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Биноҳои истиқоматӣ бо хонаҳои барҳавою зебо аз ҷониби кормандони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Роҳи оҳани тоҷик» сохта шуда, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 3000 — солагии Ҳисор туҳфаи арзандаи соҳибкорон дар ҷавоб ба дастгирии Сарвари давлат аз соҳибкории хусусӣ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки ҳуҷраҳои бинои мазкурро ҶДММ «Роҳи оҳани тоҷик» ба таври ройгон ба кормандони худ тақдим кардааст.
Дар корҳои сохтмонӣ асосан мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Корҳои сохтмонӣ дар заминаи рушди фаъолияти соҳибкорӣ аз аввали соли равон оғоз гардида, бо роҳандозии имконоти мавҷуда ва таҷрибаи пешрафта дар муддати кӯтоҳ ба охир расонида шуд.
Дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ коргоҳи дӯзандагӣ мавҷуд мебошад, ки дар он 20 нафар занону духтарони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шуданд. Дар ин ҷо духти намудҳои гуногуни либос ба роҳ монда шудааст ва шаҳрвандон аз хизматрасонии сатҳи баланд баҳравар мегарданд.
Дар маркази хизматрасонӣ бошад, пеш аз ҳама худи сокинони биноҳои нав метавонанд молҳои ниёзи аввалро дастрас намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки оянда дар ин ҷо аз тарафи бародарони соҳибкор Қурбонмурод ва Баҳриддин Неъматзодаҳо дар асоси лоиҳа 12 бинои истиқоматии дигар, як майдончаи варзишӣ ва як боғчаи кӯдакона низ сохта мешавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳиммати бародарони соҳибкор барои ташаббусҳои созанда, обод кардани як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин бунёду мумфарш кардани роҳҳои маҳаллӣ изҳори сипос карда, бо итминон иброз дошт, ки соҳибкорони ватандӯст минбаъд низ бо дастгирӣ аз сиёсати ояндасози роҳбарияти давлату ҳукумат иқдомҳои наҷиби худро идома медиҳанд.
Мавриди зикр аст, ки ин соҳибкорон дар доираи таҷлили ҷашни санаи муҳими 3000 — солагии Ҳисор чанд рӯз қабл роҳи аз маркази ноҳия то қалъаи бостонии Ҳисорро, ки масофааш 25 километр аст, пурра мумфарш карданд.

Манбаъ: http://khovar.tj/

Last modified on 08/05/2020

Share this article

About Author

Super User
Login to post comments

Ҳисор

Ҳисор (форсӣ: حصار‎) - шаҳре дар Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Ҳисор аст. Шаҳрак дар маркази водии Ҳисор байни дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Наҳри калони Ҳисор ҷойгир аст. Ҳисор дар қисми ҷанубу ғарби водии Ҳисор, 20 км ғарбтари шаҳри Душанбе воқеъ аст. Дар наздикии шаҳраки Ҳисор дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Канали калони Ҳисор ҷорӣ мешаванд. Соли 2015 роҳи автомобилгарди Душанбе - Турсунзода тармим гардидааст. Байни Ҳисор – Душанбе ва Ҳисор – Турсунзода мунтазам нақлиёт мегардад. Аз маркази ноҳия роҳи оҳани Душанбе – Тирмиз мегузарад (стансияҳо: Чиптўра ва Хонақоҳ).

Ҳисори шодмон

Тамос бо мо

Барои маълумоти пурра гирифтан бо мо дар тамос бошед