дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ

  Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ дар водии Ҳисор, 25 км дар самти шимолу ғарбӣ аз ш. Душанбе дар баландии 1150 м., дар мавзеи хушманзари қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар назди деҳаи Шоҳамбарӣ ҷой гирифтааст. Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» бо таркиби физикӣ-кимиёвӣ, бо хосиятҳои шифобахшии худ дар радифи обҳои маъдани Есентукӣ, Боржомӣ ва ғайраҳо меистад.

  Таркиби ин оби шифоӣ намак, сулфат, хлорид, гидрокарбонат, натрий дорад ва ҳарораташ 33-36 дараҷа гарм мебошад. Он барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима, ҳаракат ва такягоҳ, асаб, амрози занона, қанд (дараҷаи якум ва дуюм), ҷоғар, пӯст ва ғайраҳо давои беҳтарин аст. Истифодаи васеи оби маъдани «Шоҳамбарӣ» аз чашмаи якум, ки маъданнокиаш 2,0- 3,5 г/литр мебошад, ҳангоми муолиҷаи беморон берун аз шароити шифохона ниҳоят мувофиқ аст.[1] Осоишгоҳ дорои 500 ҷойи хоб дар масоҳати 17 гектар воқеъ аст.

Таърих

  Бори нахуст соли 1952 тавассути пармачоҳҳо оби шифобахши мавзеи Шоҳамбарӣ кашф карда шуда барои табобати мардум ба кор шурӯъ намудааст. Соли 1986 пармачоҳҳои нави оби шифобахш кофта шудаанд. Соли 1990 бинои 5 қабатаи нави осоишгоҳ сохта шуд.[2]

Last modified on 08/05/2020

Share this article

About Author

Smartaddons

Suspendisse at libero porttitor nisi aliquet vulputate vitae at velit. Aliquam eget arcu magna, vel congue dui. Nunc auctor mauris tempor leo aliquam vel porta ante sodales.

Website: smartaddons.com
Login to post comments

Ҳисор

Ҳисор (форсӣ: حصار‎) - шаҳре дар Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Ҳисор аст. Шаҳрак дар маркази водии Ҳисор байни дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Наҳри калони Ҳисор ҷойгир аст. Ҳисор дар қисми ҷанубу ғарби водии Ҳисор, 20 км ғарбтари шаҳри Душанбе воқеъ аст. Дар наздикии шаҳраки Ҳисор дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Канали калони Ҳисор ҷорӣ мешаванд. Соли 2015 роҳи автомобилгарди Душанбе - Турсунзода тармим гардидааст. Байни Ҳисор – Душанбе ва Ҳисор – Турсунзода мунтазам нақлиёт мегардад. Аз маркази ноҳия роҳи оҳани Душанбе – Тирмиз мегузарад (стансияҳо: Чиптўра ва Хонақоҳ).

Ҳисори шодмон

Тамос бо мо

Барои маълумоти пурра гирифтан бо мо дар тамос бошед