дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

Экспедитсия

 Қалъаи Ҳисор,қароргоҳи беки Ҳисор, акси солҳои 1890-1896

 Пас аз истило шудани Осиёи Миёна аз тарафи Русияи подшоҳӣ дар охири асри XIX шартномаи тобеияти аморати Бухоро, аз ҷумла бекигарии Ҳисор бо империяи Русия муқаррар карда шуд. Тоҷирон, сайёҳон, олимон, таҳқиқотчиён, мансабдорон ва ҳар биёни Русияву Аврупо дар ҳамаи бекигариву амлокдорӣ ҳуқуқи озо- дона савдо кардану кору таҳқиқот бурданро пайдо намуданд. Ба аврупоиён ганҷинаи пурасрори Ҳисори Шодмон дар соли 1875 аз ҷониби «Экспедитсияи Ҳисор» маълум гардид. Акнун онҳо ба ин диёр омада оид ба омӯзишу таҳқиқи растаниву ҳайвонот, обҳои табииву конҳои пурасрор, захираву манбаъҳои зеризаминӣ, сиёсату маданият ва вазъи зиндагии мардуми оддӣ машғул мешуданд. Яке аз сайёҳони арман В.Марконян, ки дар он солҳо ба Ҳисор меҳмон шуда омадааст, вазъи бади тандурустии аҳолиро ба ҳисоб гирифта, дар хотироташ ин диёрро «водии марг» номидааст. Сабаб дар он буд, ки ғайр аз мансабдорону бойҳо ба халқи бенаво хизмати тиббӣ асонида намешуд. Сарҳанг (полковник)-и артиши подшоҳии рус Д.Н.Логофет, ки дар соли 1880 дар Ҳисор буд, вазъи мураккаби ҳаёти мардумро бо камоли таассуф ба қалам медиҳад: «Дар он солҳо дар деҳаҳои дурдасти кӯҳистон корҳои таҳқиқотӣ бурда, мо аз бисёр сокинон хабарҳои наву тозаро борҳо мешунидем. Арзу шикояти беҳисоб ба шахсияти бекҳо, инчунин ба хизматчиёни поёнӣ гувоҳи ин буданд, ки дар бораи сар задани ӯришҳои нави халқӣ дар бекигарӣ кушоду равшан гап мезаданд». («Административное устройство Гиссарского бекства», Туркестанские ведомости, 1880, №112). Ин таҳқиқотчии кунҷков ва закӣ дар ҷои дигар, дар асараш «В горах и на равнинах Бухары» («Дар кӯҳҳо ва водиҳои Бухоро», СПб.1913 саҳ.479) менависад: 

«Осори гулӯлаҳои тӯп, ки деворҳоро хароб кардаанд ва дар табақаҳои ғафси дарвоза сӯрохиҳои калонро гузоштаанд, баёнгари безабони онанд, ки Қалъаи Ҳисор чандин маротиба дучори муҳосираю ҳуҷум гардидааст».

 Тибқи шаҳодати ин афсари подшоҳии рус атрофи шаҳри Ҳисорро қӯрғони азими даҳкилометра бо чор бурҷи идбонгоҳдор иҳота карда буданд, ки панҷ дарвоза дошт: “Хоки сафед”,”Чангоб”,”Чашмаи моҳиён”,«Шаккарӣ» ва «Обдузд». Перомуни дарвозаҳои шаҳри Ҳисор ҳаминро бояд хотирнишон сохт, ки меъмории ин дарвозахонаҳо ба мисли дарвозаҳои имрӯзаи баъзе аҳрҳои олам гумбазшакл буда, аз масолеҳи мустаҳками хишти пухтаву санг сохта, бо усули биносозии шарқӣ қомат афрохтаанд. Онҳоро миршабон ва дарвозабонон муҳофизат мекарданду одамонро тафтиш ва иҷозаи воридшавӣ медоданд. Мутаасифона, ҳоло аз ин дарвозаҳо танҳо номашон боқӣ мондаву онҳоро майдонҳои пахтазор ишғол кардаанд.

Ҳисор

Ҳисор (форсӣ: حصار‎) - шаҳре дар Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Ҳисор аст. Шаҳрак дар маркази водии Ҳисор байни дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Наҳри калони Ҳисор ҷойгир аст. Ҳисор дар қисми ҷанубу ғарби водии Ҳисор, 20 км ғарбтари шаҳри Душанбе воқеъ аст. Дар наздикии шаҳраки Ҳисор дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Канали калони Ҳисор ҷорӣ мешаванд. Соли 2015 роҳи автомобилгарди Душанбе - Турсунзода тармим гардидааст. Байни Ҳисор – Душанбе ва Ҳисор – Турсунзода мунтазам нақлиёт мегардад. Аз маркази ноҳия роҳи оҳани Душанбе – Тирмиз мегузарад (стансияҳо: Чиптўра ва Хонақоҳ).

Ҳисори шодмон

Тамос бо мо

Барои маълумоти пурра гирифтан бо мо дар тамос бошед