дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

Таърихи Қалъаи Ҳисор

Қалъаи Ҳисор (форсӣ: قلعه حصار‎) — ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ дар ноҳияи Ҳисор аст. Қалъаи Ҳисор қисми таркибии Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисормебошад. Вожаи «ҳисор» (форсӣ: حصار‎) арабӣ ва маънояш «диж» ва «қалъа» (форсӣ: قلعه‎)аст. Ин қалъа ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV—XVII мелодӣ — «Ҳисори Шодмон», яъне қалъаи Шодмон, номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз «Шодмон» аз он афтоду «ҳисор» монд ва исми хос — Ҳисор — гашт. Кӯҳандижи Ҳисор, ки бо номи Қалъаи Ҳисор маъруф аст, ёдгории даврони Пешдодиён буда, болои қалъа аз се қисм иборат аст. Қисми баландии он қароргоҳи беку амирон, қисми дуюм, яъне поёнӣ — уштурхона ва қисми асосии онро аскархона ташкил медиҳад. Атрофи Қалъаи Ҳисор бо девори баланди кунгурадори муҳофизатӣ иҳота шуда, баландиаш аз сатҳи болои қалъа 3,5 метр, рӯйи девор 10 метр паҳнӣ доштааст. Аз макони бекнишин тамоми ноҳияи Ҳисор чун кафи даст ба чашм метобад. Ба Қалъаи Ҳисор танҳо бо воситаи дарвоза даромадан мумкин будааст.

Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки гӯё қалъа дар як шаб бо амри Оллоҳ пайдо шудааст. Аммо, ривоятҳои таърихӣ бунёди онро ба давраи шоҳ Таҳураси Девбанд - писари Ҳушангшоҳ, набераи Сиёмак ва абераи нахустподшоҳи афсонавии давраи Пешдодиён (солҳои 3280- 993 то мелод) медонанд. Мувофиқи ривоятҳо Таҳмурас дар муборизаи муқобили девҳо бо усули худи онҳо, яъне бо сеҳру ҷоду ғолиб омада, онҳоро маҷбур месозад, ки ин қалъаро бунёд кунанд ва сипас девҳоро ба даруни қалъа банд андохта, аз онҳо ҳарфу хат омӯхта халқи мулкашро хату савод меомӯзонад. Инчунин ривояте доири аз дасти Қаҳқаҳи ҷоду озод кардани Қалъаи Ҳисор аз ҷониби Ҳазрати Алӣ (р) дар эҷодиёти халқ мавҷуд аст. Ҳангоме ки кас ба он хоки анбӯҳи дур аз соҳили дарё қомат афрохта назар меандозад, беихтиёр ба хулоса меояд, ки он дарвоқеъ дар асари ягон қувваи фавқуттабиӣ бунёд ёфтааст.

Инчунин муҳаққиқони алоҳида ба пайдоиши Қалъаи Ҳисор кӯшиши аз назари илми ҳозиразамон наздик шуданро кардаанд. Олими рус Н.Новгородсев масъалаҳои марбут ба зилзилаи Ҳисорро (23 январи соли 1989) аз назари геологӣ таҳқиқ намуда, дар анҷоми мақолааш (маҷаллаи “Вокруг света, ”соли 1990) менависад:”Қисмати баландии қалъа дастисохт буда, дар қисмати ҷанубӣ ё табиии он то вақтҳои наздик кӯли чуқуре мавҷуд буд. Қамиш мерусту ҳоло танҳо кӯлмаки хурде аз он нишона мондааст. Аз эҳтимол дур нест, ки ин кӯл дар танӯри вулқони лойин воқеъ будааст ва бо мурури замон фаъолияти худро қатъ кардааст. Он кӯл аз обҳои нафтии қаъри замин сарчашма мегирифт ”. Аз ин андешаи олим бармеояд, ки хоктӯдаи азими Қалъаи Ҳисор дар натиҷаи зуҳури вулқон ба вуҷуд омадааст ва бо гузашти фосилаи дароз худи воқеаи вулқон аз хотирҳо зудуда гашта, дар боло ва атрофи теппа девору биноҳо бунёд карда шудаанд. Қалъа ва шаҳри Ҳисор бисёре аз ҳокимони одилу фозил ва покандешу хайрандешро дида, давра ба давра ободу зебо гардидааст.

Ҳисор

Ҳисор (форсӣ: حصار‎) - шаҳре дар Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Ҳисор аст. Шаҳрак дар маркази водии Ҳисор байни дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Наҳри калони Ҳисор ҷойгир аст. Ҳисор дар қисми ҷанубу ғарби водии Ҳисор, 20 км ғарбтари шаҳри Душанбе воқеъ аст. Дар наздикии шаҳраки Ҳисор дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Канали калони Ҳисор ҷорӣ мешаванд. Соли 2015 роҳи автомобилгарди Душанбе - Турсунзода тармим гардидааст. Байни Ҳисор – Душанбе ва Ҳисор – Турсунзода мунтазам нақлиёт мегардад. Аз маркази ноҳия роҳи оҳани Душанбе – Тирмиз мегузарад (стансияҳо: Чиптўра ва Хонақоҳ).

Ҳисори шодмон

Тамос бо мо

Барои маълумоти пурра гирифтан бо мо дар тамос бошед