дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

Мадрасаи Кӯҳна

Мадрасаи Кӯҳна — ёдгории меъмории асри XVIII ва аввали асри XIX дар ноҳияи Ҳисор. Дар самти ҷанубии Қалъаи Ҳисор рӯ ба рӯи арк аз хишти пухта бино гардидааст. Дар шафати Мадрасаи кӯҳна корвонсаройи бузург воқеъ будааст, ки ҳоло вуҷуд надорад. Мадрасаи Кӯҳна якошёнаи мураббаъ буда, 50Х45 м андоза дорад. Ҳавлии васеъ ва чоркунҷаи онро аз се тараф ҳуҷраҳои начандон калон иҳота кардаанд, ки намояшон равоқтоқҳои мусалсали томро таркиб додааст. Ҳуҷраҳо бо гунбазҳои “балхӣ” пӯшида шудаанд. Дар се кунҷи ҳавлӣ равоҷтовҳои панҷқирра бино ёфтаанд. Ҳар кадоми онҳо роҳрве доранд, ки ба се хонаи асосии мадраса мебаранд. Тартиби ҷойгиршавӣ ва сохтмони ҳуҷраҳо дар ду ҷой – кунҷи ҷануби ғарб бо дарвоза ва мақобили он зинаи борики ба бом бароянда фарқ мекунад. Дар тарафи шимолу ғарб айвони равоқтоқдори рӯ ба ҳавлии мадраса сохта шудааст. Қисми шимолии мадраса нисбатан мураккабтар мебошад; дахлези гунбазӣ ва дар болои он як дар хонаи чоркунҷае – китобхонаи гунбазӣ балхидор ҷой гирифта, дар ғарби даҳлез айвони равоҷӣ ва паси он болои устувонаи таркдор толори сафедгунбаз бино ёфтааст. Меҳроби мадраса дар яке аз чор тоқ, ки нисбатан чуқуртар аст, ҷойгир мебошад ва канораҳои он бо гач гулпартоӣ шудааст. Мадраса бар хилофи меъмории анъанавӣ дарсхона надорад ва ҳамчунин берабтӣ дар бандубасти номи Мадрасаи Кӯҳна низ мушоҳида мегардад; пештоқи калонаш ба девор номувофиқ афтода, дар ду гӯша гулдастаҳои бузурги гунбазу тоқдор қомат афрохтаанд. Тарафи рости иморатро масҷиди пешайвондор ва тарафи чапи онро дарсхона бо шаклу андозаи мухталиф ишғол кардаанд.

Мадрасаи Кӯҳна аз сохти анъанавӣ баъзе фарқиятҳо дорад: қаноти рости биноро пурра масҷид бо пешайвонаш ишғол намуда, дар қаноти чап дарсхона вуҷуд дорад. Вазифаи дарсхонаро чор ҳуҷраи масоҳати ҳар яке 16 метри мураббаъ иҷро менамоянд, ҳуҷраҳои боқимонда 13 метри мураббаъ мебошанд. Ҳар ҳуҷра аз бухорӣ (оташдони деворӣ), тоқҷаҳои китобу зарфмонӣ иборат буда, бомаш гумбазмонанд (балхӣ) мебошад. Мадрасаи Кӯҳна дорои 31 ҳуҷра буда, масоҳати умумии майдони бино 2550 метри мураббаъро ташкил менамояд.[1]Мадрасаи Кӯҳна дар муҳофизати давлат мебошад.

Осорхона дар бинои мадраса

Дар Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии ноҳияи Ҳисор, дар дохили бинои Мадрасаи Кӯҳна Осорхонаи рӯзгори халқи тоҷик амал карда истодааст, ки аз 13 ҳуҷраи намоишӣ иборат аст. Дар мамнуъгоҳ инчунин шуъбаи фондҳо фаъолият карда истодааст, ки вазифааш ҷустуҷӯ ва дарёфти нигораҳои таърихӣ аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ буд. Дар экспедитсияҳои илмӣ (1981-1989), зиёда аз 18 ҳазору 387 экспонат ҷамъоварӣ карда шуда буд, ки аз ин ҳисоб осорхона фаъолият карда истодааст.

Ҳисор

Ҳисор (форсӣ: حصار‎) - шаҳре дар Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Ҳисор аст. Шаҳрак дар маркази водии Ҳисор байни дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Наҳри калони Ҳисор ҷойгир аст. Ҳисор дар қисми ҷанубу ғарби водии Ҳисор, 20 км ғарбтари шаҳри Душанбе воқеъ аст. Дар наздикии шаҳраки Ҳисор дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Канали калони Ҳисор ҷорӣ мешаванд. Соли 2015 роҳи автомобилгарди Душанбе - Турсунзода тармим гардидааст. Байни Ҳисор – Душанбе ва Ҳисор – Турсунзода мунтазам нақлиёт мегардад. Аз маркази ноҳия роҳи оҳани Душанбе – Тирмиз мегузарад (стансияҳо: Чиптўра ва Хонақоҳ).

Ҳисори шодмон

Тамос бо мо

Барои маълумоти пурра гирифтан бо мо дар тамос бошед