дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

Ҳамоиши илмӣ-тадқиқотӣ бахшида ба 3000- солагии Ҳисори Шодмон

  Имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 3000- солагии Ҳисори Шодмон конфронси илмӣ-амалии «Нақши Ҳисори Шодмон дар рушду нумӯи фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.  Дар конфронс директори Пажӯҳишгоҳи мазкур,  номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода роҷеъ ба диқати махсус додани  Ҳукумати чумҳурӣ ба санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла гиромидошти таърихи чандинҳазорсолаи шаҳру деҳоти Тоҷикистон ва шаҳрҳои қадимии он, обод кардани онҳо,  эҷод кардани асару достон ва рисолаҳои илмиву таърихӣ оид ба пайдоиш ва гузаштаи онҳо, бахусус 3000-солаи Ҳисори қадим сухан гуфт.

   Доктори илмҳои таърих, профессор  Аскаралӣ Раҷабов дар мавзӯи «Эҷодиёти шеърию мусиқии водии Ҳисор», узви вобастаи АИҶТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мирзо Муллоаҳмад дар мавзӯи «Доираи адибии Ҳисор», номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимов дар мавзӯи «Мулоҳизаҳо доир ба этимологияи вожаи «Шумон», нависанда Ҳасани Муҳаммадӣ дар мавзӯи «Рӯинатан Ҳисори Шодмони  Ватан», ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Назокат Қиличева дар мавзӯи «Масъалаи пажӯҳиши рақси халқии тоҷикии мардуми водии Ҳисор» маърӯза карданд. 
Маърӯзачиён зикр намуданд, ки Ҳисори Шодмон таърихи қадимӣ дошта, ёдгориҳои таърихии он нишонае аз куҳанбунёд будани онанд. 
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли равон 3000-солагии Ҳисори Шодмон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

 

Share this article

Login to post comments

Ҳисор

Ҳисор (форсӣ: حصار‎) - шаҳре дар Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Ҳисор аст. Шаҳрак дар маркази водии Ҳисор байни дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Наҳри калони Ҳисор ҷойгир аст. Ҳисор дар қисми ҷанубу ғарби водии Ҳисор, 20 км ғарбтари шаҳри Душанбе воқеъ аст. Дар наздикии шаҳраки Ҳисор дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Канали калони Ҳисор ҷорӣ мешаванд. Соли 2015 роҳи автомобилгарди Душанбе - Турсунзода тармим гардидааст. Байни Ҳисор – Душанбе ва Ҳисор – Турсунзода мунтазам нақлиёт мегардад. Аз маркази ноҳия роҳи оҳани Душанбе – Тирмиз мегузарад (стансияҳо: Чиптўра ва Хонақоҳ).

Ҳисори шодмон

Тамос бо мо

Барои маълумоти пурра гирифтан бо мо дар тамос бошед