дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

Ҳисор: 3000-солагии мулки зарнисор

Имрӯз дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ҳисор маҷлиси васеи фаъолони ноҳия баргузор гардид. Ҳадафи асосии ҷаласа натиҷагирӣ аз ташрифи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҳисор ва вазифаҳо дар оянда буд. Раиси ноҳия Усмон Раҳмонзода дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, омода кардани кулли иншоотҳои ҷашнӣ ба истиқболи ҷашни 3000- солагии Ҳисор сухан гуфт. Ӯ зикр кард, ки тамоми сокинони ноҳия, сохтмончиён бояд шабу рӯз меҳнат карда, ин ҷашни таърихиро сазовор истиқбол намоянд .


Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҷамъомад зикр кард, ки барои Ҳисор соли 2015   соли тиллоӣ аст, зеро ин мулки зарнисор дар 3000 солагиаш симои нав ба бар намуд, соҳиби чандин иншооти хуби замонавӣ гардид. Ин сарзамин дар оянда низ бояд боз бештар рушду тараққӣ кунад. Абдуҷаббор Раҳмонзода мардумро ба хештаншиносӣ, дӯст доштани ватану миллат ва ободкорию созандагиҳои нав ба нав ҳидоят намуд. Ӯ қайд кард, ки Ҷаноби Олӣ ба мардуми заҳматдӯсти Ҳисор эҳтироми зиёд дорад ва сокинони Ҳисор низ бояд сазовори бовари Сарвари давлат  бошанд. 

Share this article

Login to post comments

Ҳисор

Ҳисор (форсӣ: حصار‎) - шаҳре дар Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Ҳисор аст. Шаҳрак дар маркази водии Ҳисор байни дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Наҳри калони Ҳисор ҷойгир аст. Ҳисор дар қисми ҷанубу ғарби водии Ҳисор, 20 км ғарбтари шаҳри Душанбе воқеъ аст. Дар наздикии шаҳраки Ҳисор дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Канали калони Ҳисор ҷорӣ мешаванд. Соли 2015 роҳи автомобилгарди Душанбе - Турсунзода тармим гардидааст. Байни Ҳисор – Душанбе ва Ҳисор – Турсунзода мунтазам нақлиёт мегардад. Аз маркази ноҳия роҳи оҳани Душанбе – Тирмиз мегузарад (стансияҳо: Чиптўра ва Хонақоҳ).

Ҳисори шодмон

Тамос бо мо

Барои маълумоти пурра гирифтан бо мо дар тамос бошед